Get Adobe Flash player

postheadericon Суҳбати телефонии сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Россия бо Президенти Туркманистон

Субҳи 28 феврали соли 2017 дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Зимни гуфтугӯи судманди телефонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатиро мавриди баррасӣ қарор дода, барои рушду тавсеаи бештару хубтари онҳо дар ҳамаи соҳаҳои афзалиятнок изҳори омодагию ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

Дар суҳбати телефонӣ ҳамчунин масоили вобаста ба ҳамкориҳои минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Туркманистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 

postheadericon Анҷоми сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

Субҳи 28 феврали соли 2017 дар ҳошияи сафари расмии Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти хосса ва дӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин баргузор шуд.

Дар сӯҳбати самимӣ сарони давлатҳо масоили марбут ба натиҷаҳои сафар ва роҳу усулҳои тадбиқи мувофиқаҳои бадастомадаро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба муҳимияти иҷрои санадҳои нави ҳамкорӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.

Бо ҳамин сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел намуданд.

Хотиррасон мешавем, ки сафари расмии Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯзҳои 25-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии ду давлат дар таърихи 27-28 феврали соли 2017 ҷараён гирифт, бо натиҷаҳои пурарзиш барои ҳар ду ҷониб ба охир расид.

Дар доираи ин сафар дидору вохӯрии хосаи Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ва мулоқоту музокироти сатҳи баланди байнидавлатӣ баргузор шуда 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Россияро дар соҳаҳои алоқа, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, истифодаи энергияи атом бо мақсадҳои осоишта, сайёҳӣ ва тарбияи ҷисмонӣ такони тоза бахшида, ба тақвияти бештари ҳамкории Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россияро дар соли 2017 мусоидат менамояд.

 

postheadericon Оғози сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

27 феврали соли 2017 дар саҳни бинои Қасри миллат маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, баргузор шуд.

Меҳмони олимақом Президенти Федератсияи Россия Владимир Путинро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона истиқбол гирифта, ба минбари ифтихорӣ даъват намуданд.

Дар маросими истиқболи расмии меҳмони олиқадр ҷузъу томҳои Горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои мусиқии нафасӣ саф ороста, ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Россия ва намояндагиҳои дипломатии муқими Душанбе иштирок доштанд.

Зимни маросими истиқболи расмӣ сурудҳои миллии ду давлат садо дода, зери навои ифтихорӣ роҳбарони Тоҷикистону Россия аз назди ҳайати Горди фахрӣ гузар намуданд ва Президенти Федератсияи Россия ба ҳайати сафоростаи низомӣ арзи салом карда, эҳтироми Парчами давлатии Тоҷикистонро ба ҷо овард.

Маросими бошукӯҳи истиқболи меҳмони олиқадр баъди шиносоии Сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб анҷом ёфт.