Get Adobe Flash player

postheadericon Барқияи табрикӣ ба Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов

13 феврали соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Гурбонгулӣ Маликгулиевич,

Ба муносибати пирӯзии комили Шумо дар интихоботи навбатии Президенти Туркманистон табрикоти самимии маро қабул фармоед.

Аз нав интихоб шудани Шумо ба ин маснади масъули давлатӣ баёнгари возеҳи эътимоди баланди мардум нисбат ба роҳи сиёсие мебошад, ки таҳти роҳбарии Шумо ба хотири шукуфоии бемайлони кишвар ва некуаҳволии мардуми он мавриди татбиқи амалӣ қарор дорад.

Итминон дорам, ки дар давраи нави фаъолияти президентии Шумо муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Туркманистон минбаъд низ ба нафъи ду давлат ва мардумонашон таҳкиму рушд хоҳанд ёфт.

Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, Гурбонгулӣ Маликгулиевич, тансиҳатии комил ва комёбиҳои нав дар фаъолияти давлатиатон ва ба мардуми Туркманистон сулҳу ободӣ таманно дорам».

http://mfa.tj/tj/khabar-va-ruydodho/barqiyai-tabriki-ba-prezidenti-turkmaniston-gurbonguli-berdimuhamedov.html