Get Adobe Flash player

postheadericon ОБЪЯВЛЕНИЕ

С 13 ФЕВРАЛЯ 2017 ГОДА КОНСУЛЬСКАЯ СЛУЖБА

ПОСОЛЬСТВА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

В ТУРКМЕНИСТАНЕ ОБЪЯВЛЯЕТ О ПРИЕМЕ ДОКУМЕНТОВ НА ОФОРМЛЕНИЕ БИОМЕТРИЧЕСКИХ ЗАГРАНИЧНЫХ ПАСПОРТОВ ДЛЯ ГРАЖДАН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН, ПОСТОЯННО ПРОЖИВАЮЩИХ НА ТЕРРИТОРИИ ТУРКМЕНИСТАНА

Консульская служба Посольства

Для получения подробной информации звоните по номеру: +(993 12) 481845

 

postheadericon Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо сафирони Қазоқистон, Беларус, Ҳиндустон, Ўзбекистон ва Афғонистон

Рузи 6 феврали соли 2017 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Туркманистон мулоқоти таъоруфии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Туркманистон Нурбаев Орман Каримович баргузор гардид.

Зимни мулоқот сафирон маљмўи васеи масоили ҳамкории дуљонибаи Туркманистон бо Қазоқистон ва Тоҷикистонро, аз љумла густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиљоратї, илмию-техникӣ ва фарҳангии ду кишварро баррасї намуданд.

Нимаи дуюми ҳамон рўз мулоқоти таъоруфии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо Сафири Ҷумҳурии Беларус Табанюхов Олег Михайлович барпо гашт.

 

Зимни суҳбат масъалаҳои роҷеъ ба сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус бо кишвари иқомат мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар рафти вохўрӣ Сафири Ҷумҳурии Беларус арз намуд, ки мардуми тоҷик ва беларус мардумони бо ҳам дўст буда, роҳбарони кишварҳо бо ҳамдигар муносибати бародаронаву дустӣ доранд. Бинобар ин, мардумони ҳар ду кишвар бояд муносибати бародаронаи роҳбаронамонро дастгирӣ намуда, дар оянда идома диҳанд.


 

Рўзи 7 феврали соли 2017 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Туркманистон мулоқоти таъоруфии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода дар Туркманистон бо Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Туркманистон д-р Т.В. Нагендра Прасат баргузор гардид.

Зимни мулоқот сафирон маљмўи васеи масоили ҳамкориҳои Туркманистон бо Ҳиндустону Тоҷикистон, аз љумла густариши робитаҳои сиёсї, рушди ҳамкории иқтисодию тиљоратї, илмию-техникӣ ва фарҳангии кишварҳоро баррасї намуданд. Қайд қарда шуд, ки айни ҳол муносибатҳои дуҷониба миёни Ҳиндустону Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла тандурустиву маориф тавсеа ёфта, ҷонибҳо ҷиҳати ҷалб намудани сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кор бурда истодаанд.

Нимаи дуюми рўз мулоқоти таъоруфии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода бо Сафири Ҷумҳурии Ўзбекистон дар Туркманистон Акмалҷон Кучкаров барпо гашт.

Зимни мулоқот масъалаҳои роҷеъ ба сатҳи ҳамкориҳои Туркманистон бо Тоҷикистону Ўзбекистон мавриди муҳокима қарор гирифта, ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандї намуданд.

Дар ҷараёни вохўрӣ сафирон аз таъриху фарҳанги мардумони тоҷик ва ўзбек ёдовар шуда, дўстиву бародарии онҳоро ҳамчун идомаи муносибатҳои абадии мардумонамон арз намуданд.


 

Рўзи 8 феврали соли 2017 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Афғонистон дар Туркманистон мулоқоти таъоруфии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода бо Сафири Ҷумҳурии Афғонистон дар Туркманистон Мирваис Наб баргузор гардид.

Зимни мулоқот сафирон ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳо дар соҳаҳои мухталиф, аз қабили иқтисодию-энергетикӣ ва нақлиёт мавриди баррасӣ қарор дода, аз рушди ҳамкориҳо дар лоиҳаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон ва татбиқ намудани лоиҳаи энергетикии “CASA-100” изҳори қаноатмандӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки татбиқи лоиҳаҳои мазкури стратегӣ ба рушди иқтисоди минтақа заминаи хуб мегузорад.

 

 

 

 

 

postheadericon 7-ум Ҷаласаи комиссияи муштараки байниҳукуматии иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон-Туркманистон

26-27 январи соли 2017 дар ш.Ашқобод 7-ум Ҷаласаи комиссияи муштараки байниҳукуматии иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон Туркманистон бо роҳбарии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва Вазири молияи Туркманистон Мухамметгулӣ Мухаммедов барпо гашт.

Дар рафти Ҷаласа масъалаҳои мухталифи рўзмарра, аз ҷумла тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, башардўстона, энергетика, маориф, кишоварзӣ, саноат, нақлиёт, тандурустӣ, варзиш ва туризм баррасӣ гардида, ҷиҳатӣ мусоидат намудан ба рафту омади шаҳрвандони ду кишвари дўсту бародар тавассути ба роҳ мондани хатсайри ҳавоӣ ва муайян намудани истгоҳи роҳи оҳан дар қаламрави Туркманистон баррасӣ гашт.

Дар ҳошияи Ҷаласаи мазкур мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири энергетикаи Туркманистон баргузор гашт.

 

Зимни он ҷонибҳо масоили марбут ба имконияти татбиқ намудани лоиҳаҳои муштараки энергетикиро мавриди баррасӣ қарор доданд.