Get Adobe Flash player

postheadericon О введении системы выдачи электронной визы

1 июня 2016 года в Таджикистане заработал новый портал по выдаче электронных виз «e-Visa»,  (https://www.evisa.tj) дающий возможность иностранным гражданам, въезжающим в страну с туристической или деловой целью, заполнить электронную заявку и получить электронную визу без явки в консульское учреждение Таджикистана за рубежом.

Система электронных виз «e-Visa» позволит иностранцам получать таджикскую визу онлайн, избавив их от необходимости стоять в очередях в таджикских консульствах или на границе. Новая система разработана для того, чтобы облегчить процесс получения визы в Таджикистан иностранными гражданами, увеличить число туристов, посещающих Таджикистан, а также упростить визовые процедуры для бизнесменов. Мы также хотим сберечь время и разгрузить персонал, занятый в процессе выдачи виз.

Заявители получат свою визу посредством электронной почты, после заполнения формы с необходимой информацией и оплаты кредитной картой онлайн. Заявители за рассмотрение анкеты на получение электронных виз должны оплатить 50 долларов США посредством международно-признанных электронных сетей за электронную обработку и в случае отказа ходатайства, данная сумма заявителю не возвращается. После оплаты визового сбора и удовлетворения заявления, заявитель на тот же адрес электронной почты получит электронную визу, которую должен предъявить при пересечении государственной границы Таджикистана вместе с действующим проездным документом.

Электронная виза Республики Таджикистан действует в течение 90 дней, но его владелец может находиться на территории республики не более 45 календарных дней. Электронная виза не продлевается и его обладатели должны в указанный срок покинуть пределы республики.

 

postheadericon Дар бораи ҷорӣ шудани низоми раводиди электронӣ

Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa” (https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуда, ба шаҳрвандони хориҷӣ имконият медиҳад, ки барои бо мақсади сайёҳӣ ва корӣ ворид шудан ба кишвар дархости электронӣ хонапурӣ карда, бидуни ҳозир шудан ба муасссисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон раводиди  электронӣ ба даст оранд.

Низоми раводиди электронӣ “e Visa” ба шаҳрвандони хориҷӣ бо тариқи онлайн гирифтани раводидро имкон медиҳад ва аз навбатпоӣ дар муассисаҳои консулӣ ё нуқтаҳои сарҳадӣ онҳоро озод менамояд. Низоми нав барои он таҳия шудааст, ки раванди гирифтани раводиди Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ содда гардад, шумораи сайёҳонро ба Тоҷикистон зиёда гардонида, ҳамчунин, расмиёти раводидро барои тоҷирон содда намояд. Мо ҳамзамон, кӯшиш менамоем, ки вақтро сарфа намоем ва машғулияти ҳайати кормандонро барои раванди судури раводид сабуктар намоем.

Дархосткунандагон раводиди электронии худро тавассути почтаи электронӣ баъди пешниҳодҳои маълумотҳои зарурӣ ва пардохт бо корти бонкӣ онлайн дастрас менамоянд. Дархосткунандагон барои баррасии ариза ҷиҳати гирифтани раводиди электронӣ ӯҳдадор мегарданд, ки 50 доллари ШМА ба воситаи шабакаи электронии байналмилалӣ эътирофшуда пардохт намоянд. Дар ҳолати рад намудани дархост маблағи мазкур ба дархосткунанда баргардонида намешавад. Баъди пардохти хироҷ ва қонеъ кардани дархост, дархосткунанда аз ҳамон суроғаи почтаи электронӣ раводиди электрониро дастрас менамояд, ки онро ҳангоми убури сарҳади Тоҷикистон дар якҷогӣ бо ҳуҷҷати сафар бояд пешниҳод намояд.

Раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 90 рӯз эътибор дорад, вале дорандаи он метавонад дар қаламрави ҷумҳурӣ на зиёда аз 45 рӯзи тақвимӣ қарор дошта бошад. Раводиди электронӣ тамдид намешавад ва дорандагони он бояд дар мӯҳлати нишондодашуда қаламрави Тоҷикистонро  тарк кунанд.

 

 

 

 

 

 

 

postheadericon Тоҷикони Туркманистон дар меҳмонии Сафорат

6 марти соли ҷорӣ гуруҳи ҳамватанон – тоҷикони муқими Туркманистони бародар меҳмони Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Ашқобод гардиданд.

Зимни суҳбат дар атрофи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олии кишвар Сафири Тоҷикистон дар Туркманистон Маҳмудҷон Собиров қайд намуд, ки соли ҷорӣ барои мардуми тоҷик давраи муҳимми таърихист- зеро дар пеш маъракаи истиқболи Ҷашни 25 солагии Истиқлоли Тоҷикистон истодааст. Ватани мою шумо дар роҳи Истиқлол мушкилиҳои зиёдеро паси сар намуд. Хизматҳаи арзандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти халқу миллат аз вартаи нобудшавӣ ба ҳамаамон маълум аст. Ҷанги шаҳрванди хомӯш гардида, Ватанамон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо гардид. Шимолу ҷануби Тоҷикистон, ки асрҳо фасли сармо рафтуомадаш қатъ мегардид, имрӯз мардум метавонанд тамоми сол рафтуомад намоянд – зеро кишварро чандин туннелу роҳҳои ба стандартҳои байналмиллӣ ҷавобгӯ, ки маҳз замони кӯтоҳи Истиқлол сохта шуданд ба ҳам пайваст намуданд. Ба ҳамин монанд, даҳҳо иншоотҳои бузург ба истифода дода шуданд.

Фақат соли гузашта, зиёда аз 100 ҳазор сайёҳон ба Тоҷикистон сафар намуда, аз ҷойҳои таърихӣ ва манзараҳои зебои кишварамон дидан намуданд. Имрӯз дар маркази Тоҷикистон даҳҳо сафоратхона ва созмонҳои байналмиллалии хориҷӣ фаъолият менамоянд. Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи даҳҳо Созмонҳои байналмиллалию минтақавӣ буда, ташаббусҳои кишвар дар робита ба масоили об, мубориза бар зиддӣ террорризму ифротгароӣ, маводи мухаддир аз минбарҳои СММ, Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ва дигар Созмонҳои бонуфуз садо дода, мавриди дастгирӣ ва ҳамовозии ҷомеъаи ҷаҳонӣ гардиданд.

Дар иди Наврӯзи имсола бо ташаббуси Пешвои миллат шоирону нависандагони ҳавзаи ин иди таърихи дар Тоҷикистон ҷамъ хоҳанд омад. Аз Туркманистони бародар низ гуруҳи адибони номдор ба ин Ҳамоиши бузург даъват шудаанд. Ин иқдом дар марҳилаи мушкилии сиёсии ҷаҳони муосир падидаи нек мебошад. Қалам маҳз дар ҳамин рӯзҳо бояд инсонҳоро ба роҳи рост –роҳи сулҳу ваҳдат ҳидоят намояд –ин аст, мақсаду нияти роҳбари олии Тоҷикистон..

Имрӯзҳо дар кишвари Туркманистон, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон алоқаи хеле наздики дӯстона дорад, даҳҳо нафар тоҷикон кору фаъолият доранд. Донишҷӯёни туркман дар мактабҳои олии Тоҷикистон таҳсил менамоянд. Сафорати Тоҷикистон бо онҳо дар алоқаи наздик қарор дошта, аз роҳбарияти олии кишвари дӯст -Туркманистон барои ҳиссаи бузургаш дар пешрафти ҳамкориҳои дӯстона миннатдор аст.. Дар ҷавоби заҳматҳои падаронаи Пешвои миллат ҳар яки моро зарур аст дар роҳи пешрафти Ватанамон фаъол бошем, ба онҳое, ки ба амнияту якпорчагии Тоҷикистонро дидан намехоҳанд, ҷавоби дандоншикан диҳем, - қайд намуд, дар фароварди мулоқот Сафири Тоҷикистон дар Туркманистон...

Дар суҳбати ҳамватанон Раҷаб Каримов- масъули диаспораи тоҷикон дар вилояти Лаби-об, Сангаҳмад Насриддинов, Эҳсон Мӯсоев, Тоҷиддин Шосафаров, Диёр Идибеков, Муҳаммадсобир Низомов ва чанде дигар тоҷикони муқими Туркманистон баромад карда, аз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои арзандааш дар роҳи наҷоти миллат дар рӯзҳои тақдирсози Тоҷикистон ва ободии имрӯзи он миннатдорӣ карданд.

Тоҷикони туркманистонӣ изҳор намуданд, ки Тоҷикистон хонаи умеди ҳар тоҷики баору номус аст, ва ҳар ҳаммилате дар куҷои дунё набошад, ба худ ва наздиконаш онро бояд шиори аввалини зиндагияшон қарор диҳанд...

Мулоқоти шавқовар бо қироати Суруди миллии Тоҷикистон хотима ёфта, қарор дода шуд, ки дар маросими таҷлили иди Наврӯз ва дар маъракаи Райъпурсии таъғироту иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон, ки соли ҷорӣ баргузор мегардад ҳамаи ҳамватанон ба Сафорат ташриф хоҳанд овард.