Get Adobe Flash player

postheadericon Ифтитоҳи дафтари Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал ва баргузории Конфронси байналмилалӣ “Нақши Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал дар рушди ҳамкорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ”

Рӯзи 19 июни соли 2017 дар шаҳри Ашқобод ифтитоҳи дафтари Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал ва Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Нақши Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал дар рушди ҳамкорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ” баргузор гардид, ки дар он, аъзои Ҳукумати Туркманистон, Сафирони кишварҳои Осиё Миёна, Аврупо ва роҳбарони намояндагони ташкилотҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявии муқими Ашқобод иштирок ва суханрони намуданд.

Муовини Девони Вазирони Туркманистон Оразгелдиев Эсенмырат конфронсро ифтитоҳ намуда паёми табрикотии Президенти Туркманистон муҳтарам Гурбангули Бердимуҳамедовро қироаът кард.

Дар конфронс Сафири Тоҷикистон Фаррух Ҳомиддин Шарифзода баромад намуда ҷониби Туркманистонро бо қабули раёсати Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал ва ифтитоҳи расмии дафтари Кумитаи иҷроияи Фонди мазкур дар Ашқобод табрик намуда қайд кард, ки Раёсатии ҷониби Туркманистон эътимоди баланд ва такони нав ба рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкориҳои байни кишварҳои муассиси Фонд хоҳад дод. Мо умедворем, ки айни замон Раёсат таваҷҷӯҳи хоса ба пешбурд ва татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал” Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028”, ки соли гузашта кишварҳои мо бо ҳаракати якҷоя дар доираи Маҷмаи Умумии СММ Қаътнома қабул гардид, хоҳад дод.

Тибқи Низомномаи Фонд, ҷониби Туркманистон аз соли 2017 то соли 2019 раисикунанда дар Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал мебошад ва дирӯз Раиси Кумитаи иҷроияи Фонд Бейджанов Гуйзгелди расман ба кор шуруъ намуд.

 

postheadericon Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон дар шаҳри Туркменободи Туркманистон

Рӯзи 17 июни 2017 бо ибткории Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои хонаи Маданияти шаҳри Туркменобод барои донишҷӯёни тоҷикистонӣ, ҳамватанони бурунмарзӣ ва шаҳрвандони маҳалӣ бо иштироки ҳайати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Соли ҷавонон ва Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Туркманистон мулоқот ва барномаи консертӣ баргузор гардид.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳомиддин Шарифзода чорабинии мазкурро ифтитоҳ намуда иштирокчиёнро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҷлили 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 ва Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дарТуркманистон табрику таҳнияти самимро расонид.

Зимни суханронӣ Сафир аз таъриху тамадуни ду миллати дусту бародар ёдовар шуда қайд кард, ки тоҷику туркман аз замонҳои қадим дар ин минтақа зиндагӣ намуда дар ташаккули ҷаъмияти фарҳангӣ иштирок намудаанд, ки баъдан ба кулли минтақа ва ба кишварҳои дигар таъсири бузурги дошт.

Барои расидан ба сулҳу субот ва ризоияти миллӣ, саҳми Ассосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвари мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бузург ва назаррас аст, дар ҳақиқат ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ иди дурахшон ва муқаддас мебошад. Зеро он, нуқтаи ибтидоӣ ҳаёти осоишта, хушбахтона ва эҷодӣ дар кишвари мо, оғози як саъю кушиш ва муттаҳидии мардум ҷиҳати расидан ба пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ҳисоб меравад.

Сафир зикр кард, ки донишҷӯён дар раванди таълим дар ин кишвар дониши дахлдор касб карда, саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, омузиши забонҳои хориҷӣ, ва ободии диёри хеш равона созанд.

Дар мулоқот, Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода ба дониҷуён ва шаҳрвандони тоҷикистон бахшида бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Соли ҷавонон ва Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон таманиётҳои нек орзу кард.

Сипас, ҳунармандони шинохтаи Тоҷикистон консерти Ваҳдат барои иштироккунандагон баргузор намуданд, ки хеле ҷолиб ва мавриди истиқболи гарми ҳозирин қарор гирифт.

Дар чорабини Муовини Ҳокими вилояти Либап Нурмурадова Майя, Муовини Ҳокими Шаҳри Туркменобод Гулнара Джумаева ва Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон дар Туркменобод иштирок намуданд.

Бояд қайд кард, ки дар Донишкадаи Давлатии Омузгории Туркменобод ба номи Сейдназар Сейди зиёда аз 20 нафар донишҷӯёни тоҷикистонӣ таҳсил менамоянд.

 

postheadericon Иштироки Вазири корҳои дохилӣ дар ҳамоиши сатҳи баланд оид ба мубориза бо терроризм

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи амалисозии Стратегияи глобалии СММ оид ба мубориза бо терроризм ба шаҳри Ашхободи Ҷумҳурии Туркманистон сафари корӣ доир намуд.
Имрӯз (13.06.с.2017), дар ин ҳамоиши сатҳи баланди байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва СММ, ки таҳти раёсати Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш оғоз гардид, Вазирони корҳои дохилии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва дигар шахсони расмӣ аз давлатҳои Осиёи Марказӣ ширкат варзида, доир ба амалисозии Стратегияи глобалии зидитеррористии СММ оид ба мубориза бо терроризм табодули афкор намуданд.
Зикр гардид, ки мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм муҳимтарин проблемаи ҷаҳону минтақа маҳсуб ёфта, дар ҳамбастагию якҷоягӣ сабабу омилҳои ба терроризм мусоидаткунанда бояд бартараф карда шаванд.
Мақсади ҳамоиши мазкур ин шарҳи иҷрои Нақшаи якҷояи амал барои Осиёи Марказӣ мебошад, ки ҳуҷҷати нахустин оид ба амалисозии Стратегияи глобалии зиддитеррористии Созмони Милали Муттахид дар сатҳи минтақавӣ ба шумор меравад.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин дурнамои роҳҳои афзалиятнок дар соҳаи мубориза бо терроризм дар минтақа мавриди баррасӣ карор гирифтанд.
Ин ҳамоиши сатҳи баланд ба давлатҳои Осиёи Марказӣ барои қабул намудани қарорҳои зарурӣ дар мубориза бо терроризм ва равияи стратегӣ барои бартараф намудани решаҳои пайдоиши терроризм такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.